Tajikistan Online Forum - Онлайн Форум Таджикистана!: Госсоветник Азизов - Tajikistan Online Forum - Онлайн Форум Таджикистана!

Перейти к содержимому

Страница 1 из 1
  • Вы не можете создать новую тему
  • Вы не можете ответить в тему

Госсоветник Азизов Вся правда о кадрах в образовании

#1 Пользователь офлайн   safarjon Иконка

  • Мехмон
  • Pip
  • Группа: Аъзохои Русто
  • Сообщений: 1
  • Регистрация: 10 Январь 11
  • Репутация 0
Репутация: 0
Обычная репутация

Отправлено 10 Январь 2011 - 14:27

Госсоветник Азизов ва
«Ректорон»-и разбойники ў


Солхои охир чун дигар бесару сомонихое, ки чомеаи точикро фаро гирифтааст, макотиби олй низ аз ин дар канор намонданд. Вазъи имрўзаи макотиби олии Точикистонро фалокатбор номидан бамаврид аст. Макотиби олй айни хол на ба тайёр намудани мутахассисон, балки, аслан ба дипломфурўшй машгуланд. Аксари ректорони макотиби олии Точикистон одамони тасодуфй мебошанд, ки факат бо рохи харидани ин вазифахо сари мансаб омадаанд. Фаъолияти асоси ва мухимтарини онхо танхо пул чамъ кардан асту халос. Раванди таълиму тарбия барои онхо ягон ахамият надорад. Мансаби ректори дар Точикистон тамоман масхара шудааст. Баъзе ректорон чи бо шаклу шамоил, чи бо донишу заковат ва чи бо рафтору муносибаташон ба он дарача ифлосу касифанд, ки аз диданашон нафрати кас меояд, дилат бехузур мешавад ва аз илму мактаби оли дилат ях барин хунук мешавад.
Барои исботи ин, як бор ба Академияи Вазорати корхои дохила ва Донишгохи Точикистону Руссия (славяни) равед, баъд худатон мефахмед.
Ректори Академияи ВКД Розикзода ном шахс мебошад, ки дар ин вазифа таъин кардани ў бехурматй ва дашномест нисбати ин академия. Аввал ин ки ў мутахассиси ин соха нест. Сониян, аз рўи шаклу шамоил ва маданияту рафтору кирдораш ин «Сангпушти зард» бояд посбони академия бошад на ректор: кадаш як метр, афташ хунук ва хеле нофорам, вале ин «Наполеонча» бо каду комати якметрааш ончунон кару фарр дорад, ин кадар бо «РОЗИКЗОДА» буданаш ифтихор дорад, ки дахони кас воз мемонад. Ба кабулгохи ин «бузургвор» наздик шудан мутлако гайри имкон аст, на рўзхои шанбе - тибки фармони Президенти чумхурй ва не рўзхои дигар. Аз Президент метарсад, вагарна талаб мекунад, ки ба ў низ «Чаноби Олй» гуфта мурочиат кунанд. Такдири Академия ва тайёр намудани кадр барои ў ду пулба арзиш надорад. Ин аждорбача танхо як чизро медонад: - Мурдананивор пул чамъ кунад ва ба госсоветники Президент оид ба масоили кадрхо Азизов А.А. дода, умри мансабашро дароз кунад, зеро ки махз бо кўмаки хамин одам ў ректори Донишкадаи варзиш ва баъд ректори Академияи милитсия таъин гардид. Ин буд, ки имсол дар давраи имтихонхои кабул доляи дохилшавандагон дар Академияи милитсия то ба 6 хазор доллар расид. ОФАРИНАТ РОЗИКЗОДА!!!
Кахрамони дигар, ин ректори Донишгохи Точикистону Руссия (славянй) Имомов Махмадюсуф мебошад, вале дар донишгох ўро аслан «навозишкорона» Маймунюсуф ( вокеан, шаклан ба маймун хеле монандй дорад) ва баъзан «ректори гунг» (аз сабаби забони русиро надонистанаш да донишгох умуман гап намезанад) гуфта ном мебаранд. Бовар кунед, дар ягон гўшаи куррраи замин мактаби олй ин гуна масхара ва ба карикатура табдил наёфтааст. Кас дар тааччуб меафтад, ки чи тавр як лакай, ки забони руси он тараф истад, забони точикиро низ дуруст намедонад, ректори ягона мактаби олй, ки дар он тахсил бо забони русй аст, таъин гардад. Хангоми сафархои корияш ба Маскав бо худ тарчумон мегирад. Шармандагй магар аз ин зиёд мешавад? Боз афти хунукашро намегуед: рўи дарозу фуки як тараф тобхўрдагй, дасти чўлоку …. Бо чунин сатхи забондонй ва чунин шаклу шамоили ректори мактаби олй аз Точикистон дар Вазорати маорифи Россия магар намеханданд? Шикамсерй механданд, ба мо ва ба бефаросатии рохбарону масъулони мо.
Ин кадри ноёб ва нотакрор ба афту андоми фалокатбораш нигох накарда, ончунон карру фарр дорад, ки Розикзода дастоврезаш намешавад. Устодони Донишгох хафтахову моххоро сипарй мекунанд, дар интизори он, ки бо ректор вохўранду мушкилеро халлу фасл намоянд. Вале «Ректори гунг» дар атрофии худ «деворе» гузоштааст, ки кассе аз он гузашта наметавонад: на рўзи шанбе на дигар руз ў касеро аз устодон ё ашхоси корафтода кабул намекунад. Ў кай ба кор меояд, кай аз кор меравад, ба кучо меояд аз кадом дар медарояд – касе намедонад. Агар бо коре ба сахни донишгох барояд, ўро се нафар посбони силохдор хамрохй мекунанд ва касеро ба ў наздик шудан намемонанд. Агар тамоми донишгохро сел барад ў парвое надорад. Максади ягонаи ин кадри талковый танхо сарватгундорй ва бо ин восита мансабашро нигох доштан асту халос. Имсол доляи дохилшавандагон дар ин муассиса аз 4 то 6 хазор долларро ташкил медод. Ногуфта намонад, ки ин хам тавассути госсоветкики Президент оид ба кадр Азизов А.А. ба ин мансаб таъин гардидааст ва махз зери сарпарастии ў Точикистонро масхара карда гаштааст. Ва аз хама дахшатноктараш боз ин аст, ки ин «Ректори гунг» дар такопўи ду вазифа: яке ректори Донишгохи миллй ва дигаре вазири маориф мебошад. Худоё миллатамро аз ин шармандагй нигох дор!!!
Аз ин фахмидан душвор нест, ки дар Точикистон муаллифи асосии масхарабозихои мактаби олй, ин мушовири Президент оид ба масоили кадрхо «мўхтарам» Азизов А.А. мебошад. Азизов А.А. «кадршинос» аст, хусусан дар сохаи илму макотиби олй. Зеро ў худ низ «олим» аст. Хатмкардаи мехфаки сельхозинститут, госсоветники Президент Азизов А.А., ки 30-соли охир ручкаро дар даст нагирифтааст, шояд навиштанро умуман фаромўш карда бошад, ба серкорияш дар Дастгохи Президент нигох накарда, соли гузашта якбора номзади илмхои педагогй гардид!!! Офарин, вундеркинд Азизов!!! Майлаш, Азизовро фахмидан мумкин, ў шармро намедонистааст ва даъвои олимй кардааст. Падараруси духтараш Шукурзод ва бочаи ў Каримдевонаро, ки хангоми дар Вазорати маориф кор карданашон хардуяшон объекти масхараи кормандон буданд, дар Донишгоххои Кулобу Кургонтеппа ректор таъин кардааст, ки ин ду донишгохро ба нестй расода истодаанд, инро низ бардошт кардан мумкин. Лекин Президент Э.Рахмон ё рохбари дастгохи президент як бор аз госсоветникашон намепурсанд, ки охир ў ба замми ин кадар бесаводияш кай вакту имконият пайдо кард, ки имтихонхои номзадй супориду дар сохаи барои ў тамоман бегона «педагогика» рисолаи илмй навишт. Госсоветник тамоми мансабхои ин сохаро савдо мекунад, майлаш, савдо кардан гирад, лекин чаро илмро масхара мекунад. Инро дида кас гумон мекунад, ки дар хакикат Точикистон ин як шахри бедарвоза ва як мулки бесохиб аст. Наход ки масъулони Хукумат ва дастгохи расиси чумхур нисбати илм ва мактаби оли тамоман бетафовут бошанд. Ояндаи давлату миллаташонро фикр намекарда бошанд???!!!
Бо чунин госсоветнику ректорони рохзан мо кучо меравем ???!!!
Кй чавоб медихад???!!!


Диловари Зувайрй
0

Страница 1 из 1
  • Вы не можете создать новую тему
  • Вы не можете ответить в тему

1 человек читают эту тему
0 пользователей, 1 гостей, 0 скрытых пользователей