Tajikistan Online Forum - Онлайн Форум Таджикистана!: Якчанд Нуқтае Аз Нуқтаҳо... - Tajikistan Online Forum - Онлайн Форум Таджикистана!

Перейти к содержимому

Страница 1 из 1
  • Вы не можете создать новую тему
  • Вы не можете ответить в тему

Якчанд Нуқтае Аз Нуқтаҳо...

#1 Пользователь офлайн   mimartj Иконка

  • Аъзои Русто
  • PipPipPip
  • Группа: Аъзохои Русто
  • Сообщений: 130
  • Регистрация: 06 Апрель 08
  • Репутация 29
Репутация: 29
Хорошая репутация

Отправлено 10 Январь 2012 - 16:40

Рӯзе дар сомонаи расмии МИМҲД ш.Душанбе эълони озмуни кушодро баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳаҳои ангоравӣ ва лоиҳакашони иншоотҳои «Сохтмони Қасри теннис барои 3000 ҷойи нишаст дар кӯчаи Карамов» ва «Сохтмони Қасри варзишии обӣ барои 4000 ҷойи нишаст бо дарназардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Карамов» дида, ҳамчун меъмори ҷавон диққати маро ҷалб кард. Зеро озмунҳои меъморӣ барои мо – меъморон саҳнае мебошанд, ки ба мо имконияти рушди хешро мебахшанд. Аммо вақте, ки бо диққат Қарору Низомномаи озмунро омӯхтам каме ғамгин шудам.
Охир наход дар асри 21 то ҳол шарту тартиби гузаронидани озмунҳои меъмориву шаҳрсозиро наомӯхтаем?
“Пурсидан айб нест.” – Дар ҳолате, ки дар даст Низомномаи намунавии гузаронидани озмунҳои меъмориву шаҳрсозиро (бовари дорам, ки аз даврҳои шӯравӣ чунин ҳуҷҷат боқӣ мондааст) дар сатҳи байналмиллалӣ надошта бошем, ё аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ш.Душанбе, ё аз Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё аз Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё аз Иттифоқи байналмиллалии меъморон метавон дастрас кард.
Ҳаммаи мо хуб дарк мекунем, ки бунёди чунин иншоотҳои варзишӣ, чуноне, ки Сарвари давлатамон баён кардаанд, барои кишвари мо бисёр ҳам муҳим мебошад. Ин хел, ки бошад бигузор озмунҳои меъморӣ дар сатҳи лозимӣ, ба мисли оне, ки аз иштирокчиёни он талаб карда мешавад дар сатҳи байналмиллалӣ гузаронида шавад.
Чи тавре, ки маълум аст, ташкилкунандаи фаъоли озмунҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ҷумҳурӣ, ин Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳамасола дар шаҳри Душанбе якчанд озмуни меъморӣ мегузаронад.
Мутаассифона, аз сабаби ҷой доштани камбудиҳои зиёд дар шартҳои озмунҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, иштироки меъморон заиф буда лоиҳаҳо бо сифати пасти меъморӣ пешниҳод карда мешаванд.
Яке аз сабабҳои асосӣ дар иштироки заифи меъморон ин ба инобат нагирифтани гарави баррасии одилонаи лоиҳаҳои пешниҳодшуда буда, дар баробари шартҳои озмун маводҳои ибтидоие, ки барои таҳияи лоиҳа зарур мебошанд (акси топографӣ, аксҳои атрофи иншоот, супориши дақиқи меъморӣ) замима намегарданд, ки дар бисёр маврид дастрас намудани акси топографӣ мушкилиҳо эҷод мекунад.
Аз низомномаи озмуни мазкур як-ду банде, ки диққати маро ҷалб кард ба шумо изҳор намоям:
3. Лоиҳакаши довталаб бояд дорои салоҳияти касбӣ, қобилияти пурраи иҷрои корҳои сохтмонӣ ва таҷрибаи кофии бунёди варзишгоҳҳо дар сатҳи байналмилалӣ бошад.
Изображение
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чанд лоиҳакашест, ки дорои таҷрибаи кофии бунёди варзишгоҳҳо дар сатҳи байналмиллалӣ мебошад??? Ба фикри ман, агар ин шарти ҳатми ҳисобида шавад, он гоҳ ба ғайр аз Пажӯҳишгоҳои “Шаҳрофар”, “САНИИОСП” ва “Душанбешаҳрсоз”, ки ҳаминҳо ҳам зери суол ҳастанд, дигар касе ҳуқуқи иштирокро надорад. Аз дигар тараф аз сабабе, ки роҳбарони пажӯҳишгоҳҳои зикргардида аъзои комиссияи озмун мебошанд, аз ҷиҳати низомномаи озмунҳои стандарти байналмиллалӣ ва аз ҷиҳати ба гарав гирифтани баррасии одилонаи лоиҳаҳои пешниҳодшуда пажӯҳишгоҳҳои мазкур ҳам ҳуқуқи маънавии иштирок дар ин озмунро надоранд.
Ин хел, ки бошад пас ба меъморони ҷавон ки роҳ мекушояд? Рости гап, ин шарти озмун зиётист!!!
2. Тавсифи мавзеи ҷойгиронии иншоотҳо.
Иншоотҳои Қасри варзишии обӣ ва Қасри теннис дар қисмати шимолии Боғи пойтахт, воқеъ дар кӯчаи Карамови маҳаллаи Буниҳисорак ҷойгир буда, дар маҷмӯъ масоҳати 5,7 гектарро фаро мегирад.

Изображение

Магар ҳамин маълумот нисбати мавзеъи иншоот кофист? Ҳаргиз, на. Чаро акси топографии мавзеъи иншоот замима нагардид? Наход чунин вазифа бар ӯҳдаи иштирокчии озмун гузошта шуд? Хело ҳам хуб мешуд, агар дар акси топографи боғи навкушодашудаи пойтахт ҳам ифода карда мешуд, ки ҳарду иншоот дар маҷмуъ фикр карда мешуданд.
Ø Толори калони тамошою муаррифотӣ барои 3000 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, бо корти тенниси андозааш 40х20 метр бо қабати синтетикии навъи «Хард» рӯйпӯш карда шавад. Дар нишастгоҳҳо бояд ҷойҳои алоҳида, аз ҷумла барои шахсиятҳои дорои имтиёзбуда (VIP), инчунин барои кормандони васоити ахбори омма ва шореҳони телевизион, ҷудо карда шаванд.
Ø Толори машқкуни бо се корти теннисӣ андозаи 40х20 метр бо болопӯши навъи «Хард» ва дар шафати он толори машқкунии пеш аз мусобиқа.
Ø Дар ҳудуди ба Қасри теннис тааллуқдошта кортҳои кушоди теннис бо рӯйпӯши синтетикии навъи «Хард» ҷойгир карда шавад.

Изображение
“Қабати синтетикии навъи “Хард” – магар ҳамин ҳам шарт шуд, ки дар 3 ҷой нисбати қабати синтетикии навъи “Хард” ёддовард карда шавад? Дар лоиҳаҳои ангоравии меъморӣ касе ба шумо нисбати ин қабати мазкур ифодае ҳам намегузорад. Стандарти байналмиллалӣ талаб карда, ки шуд ҳама дар доираи он иҷро карда мешавад. Илова ба ин тибқи шарти 3-и Низомномаи озмун, танҳо довталабони дорои таҷрибаи кофии бунёди варзишгоҳҳо дар сатҳи байналмиллалӣ ҳуқуқи иштирокро дошта бошанд, он гоҳ чи зарурат дошт ки нисбати ин масъала (қабат, болопӯш, рӯйпуши синтетикии навъи “Хард”) аҳамияти ҷидди дода шуд. Онҳо профессионал мебошанд!
Фаромуш набояд кард, ки ин танҳо якчанд нуқтаест аз нуқтаҳо , ки мехостам ба шумо изҳор кунам.

Матни пурраи Низомномаи озмун ва Қарори Раиси ш.Душанберо аз пайванди зеринметавон дид.

Сообщение отредактировал mimartj: 10 Январь 2012 - 16:51

0

#2 Пользователь офлайн   mimartj Иконка

  • Аъзои Русто
  • PipPipPip
  • Группа: Аъзохои Русто
  • Сообщений: 130
  • Регистрация: 06 Апрель 08
  • Репутация 29
Репутация: 29
Хорошая репутация

Отправлено 25 Январь 2012 - 20:57

Аз рӯи маълумоти дастраскардаам, барои озмуни зикргардида 3 довталаб лоиҳа пешниҳод намуд. Ҳаммаи довталабон аз давлатҳои хориҷа будаанд - аз Хитой(1 ширкат) ва Руссия(2 ширкат). Сад афсус, ки аз рӯи шартномаи хому нопурра меъморони маҳалӣ боварӣ пайдо накарда, касе дар озмуни мазкур иштирок накард.
0

Страница 1 из 1
  • Вы не можете создать новую тему
  • Вы не можете ответить в тему

1 человек читают эту тему
0 пользователей, 1 гостей, 0 скрытых пользователей