Салом дустони гиромиву олиқадр!
Дар ин мавзуъи навкушодашуда мо мехостем эҷодиёти шоири бузурги форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ-ро тақдими шумо гардонем...Агар шумо низ ягон шеърхои Хофизро дошта бошед, мархамат намоёд, ташаккури зиёд.
То зи майхонаву май ному нишон хоҳад буд,
Сари мо хоки раҳи пири муғон хоҳад буд.
Ҳалқаи пири муғон аз азалам дар гўш аст,
Бар ҳамонем, ки будему ҳамон хоҳад буд.Бар сари турбати мо чун гузарӣ, ҳиммат хоҳ,
Ки зиёратгаҳи риндони ҷаҳон хоҳад буд.
Бирав, эй зоҳиди худбин, ки зи чашми ману ту,Рози ин парда ниҳон асту ниҳон хоҳад буд.
Турки ошиқкуши ман маст бурун рафт имрўз,
То дигар хуни кӣ аз дида равон хоҳад буд.Чашмам он дам, ки зи шавқи ту ниҳад сар ба лаҳад,
То дами субҳи қиёмат нигарон хоҳад буд.
Бахти Ҳофиз гар аз ин гуна мадад фармояд,
Зулфи маъшуқа ба дасти дигарон хоҳад буд.
Корам зи даври чарх ба домон намерасад,
Хун шуд дилам зи дарду ба дармон намерасад.
Бо хоки роҳ рост шудам, лек ҳамчунон,
То обрў намеравадам, нон намерасад.
Пайпорае намеканам аз ҳеҷ устухон,
То сад ҳазор захм ба дандон намерасад.
Серам зи ҷони худ ба дили ростон, вале
Бечораро чӣ чора, чу фармон намерасад.
Аз орзуст гашта гаронбори ғам дилам,
Оваҳ, ки орзуи ман арзон намерасад.
Яъқубро ду дида зи ҳасрат сафед шуд,
Овозае зи Миср ба Канъон намерасад.
Аз ҳашмат аҳли ҷаҳл ба Кайвон расидаанд,
Ҷуз оҳи аҳли фазл ба Кайвон намерасад.
Аз дастбурди ҷаври фалак аҳли фазлро,
Ин ғусса бас, ки даст сўйи ҷон намерасад.
То сад ҳазор хор намерўяд аз замин,
Аз гулбуне гуле ба гулистон намерасад.
Суфӣ, бишўй занги дили худ ба оби май,
К-аз шустушўйи хирқаат ғуфрон намерасад.
Ҳофиз, сабур бош, ки дар ошиқӣ,
Ҳар кас, ки ҷон надод, ба ҷонон намерасад.
Он ёр, к-аз ў хонаи мо ҷойи парӣ буд,
Сар то қадамаш чун парӣ аз айб барӣ буд.
Дил гуфт фурўкаш кунам ин шаҳр ба бўяш,
Бечора надонист, ки ёраш сафарӣ буд.
Танҳо на зи рози дили ман парда барафтод,
То буд фалак, шеваи ў пардадарӣ буд.
Манзури хирадманди ман он моҳ, ки ўро,
Бо ҳусни адаб шеваи соҳибназарӣ буд.
Аз чанги манаш ахтари бадмеҳр бадар бурд,
Оре, чӣ кунам, давлати даври қамарӣ буд.
Узре бинеҳ, эй дил, ки ту дарвешиву ўро,
Дар мамлакати ҳусн сари тоҷварӣ буд.
Авқоти хуш он буд, ки бо дўст ба сар рафт,
Боқӣ ҳама беҳосиливу бехабарӣ буд.
Хуш буд лаби обу гулу сабзаву насрин,
Афсўс, ки он ганҷи равон раҳгузарӣ буд.
Худро бикуш, эй булбул, аз ин рашк, ки гулро,
Бо боди сабо вақти саҳар ҷилвагарӣ буд.
Ҳар ганҷи саодат, ки Худо дод ба Ҳофиз,
Аз юмни дуои шабу вирди саҳарӣ буд.
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё тан расад ба ҷонон ё ҷон зи тан барояд.
Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,
К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд.
Бинмой рух, ки халқе вола шаванду ҳайрон,
Бикшой лаб, ки фарёд аз марду зан барояд.
Ҷон бар лаб асту ҳасрат дар дил, ки аз лабонаш
Нагрифта ҳеҷ коме ҷон аз бадан барояд,
Аз ҳасрати даҳонаш омад ба танг ҷона,
Худ коми тангдастон, кай з-он даҳон барояд?
Гўянад зикри хайраш дар хайли ишқбозон,
Ҳар ҷо, ки номи Ҳофиз дар анҷуман барояд.
Дило, чандам бирезӣ хун, зи дида шарм дор, охир,
Ту низ, эй дида, хобе кун муроди дил барор, охир.
Манам, ё раб, ки ҷоноро зи ораз бўса мечинам,
Дуои субҳдам дидӣ, ки чун омад ба кор охир.
Муроди дунйиву уқбӣ ба ман бахшид рўзибахш,
Ба гўшам қавли чанг аввал ба дастам зулфи ёр охир.
Чу бод аз хирмани дунон рабудан хўшае то чанд?
Зи ҳиммат тўшае бардору худ тухме бикор, охир,
Дило, дар мулки шабхезӣ гар аз андўҳ нагрезӣ,
Дами сўҳбат башоратҳо биёрад з-он диёр охир.
Бути чун моҳ зону зад, майи чун лаъл пеш овард,
Ту гўйӣ тоибам, Ҳофиз, зи соқӣ шарм дор охир.
Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махўр,
Кулбаи эҳзон шавад рўзе гулистон, ғам махўр!
Эй дили ғамдида ҳолат беҳ шавад, дил бад макун,
В-ин сари шўрида боз ояд ба сомон, ғам махўр!
Гар баҳори умр бошад, боз бар тахти чаман,
Чатри гул дар сар кашӣ, эй мурғи хушхон, ғам махўр!
Даври гардун гар ду рўзе бар муроди мо нарафт,
Доиман яксон намонад ҳоли даврон, ғам махўр!
Ҳон машав навмед, чун воқиф наӣ аз сирри ғайб,
Бошад андар парда бозиҳои пинҳон, ғам махўр!
Эй дил, ар сели фано бунёди ҳастӣ барканад,
Чун туро Нўҳ аст кштибон, зи тўфон, ғам махўр!
Дар биёбон гар ба шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам,
Саразанишҳо гар кунад хори муғелон, ғам махўр!
Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баид,
Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махўр!
Ҳоли мо дар фурқати ҷонону иброми рақиб,
Ҷумла медонад Худои ҳолгардон, ғам махўр!
Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,
То бувад вирдат дуову дарс Қуръон, ғам махўр!
Эй дил, ғуломи шоҳи ҷаҳон бошу шоҳ бош,
Пайваста дар ҳимояти лутфи илоҳ бош!
Аз хориҷӣ ҳазор ба як ҷав намехаранд,
Гў кўҳ ба кўҳи мунофиқ сипоҳ бош!
Чун Аҳмадам шафеъ бувад рўзи растахез,
Гў, ин тани балокаши ман пургуноҳ бош!
Онро, ки дўстии Алӣ нест, кофир аст,
Гў, зоҳиди замонаву гў, шайхи роҳ бош!
Имрўз зиндаам ба валои ту, ё Алӣ,
Фардо ба рўҳи поки имонон гувоҳ бош!
Қабри имоми ҳаштуми султони дин Ризо,
Аз ҷон бибўсу бар дари он боргоҳ бош!
Дастат намерасад, ки бичинӣ гуле зи шох,
Боре ба пойи гулбуни эшон гиёҳ бош!
Марди худошинос, ки тақво талаб кунад,
Хоҳӣ сапедҷомаву хоҳӣ сиёҳ бош!
Ҳофиз, тариқи бандагии шоҳ пеша кун,
В-он гоҳ дар тариқ чу мардони роҳ бош!
Шароби талх мехоҳам, ки мардафган бувад зўраш,
Ки то як дам биосоям зи дунёву шару шураш.
Симоти даҳри дунпарвар надорад шаҳди осоиш,
Мазоқи ҳирсу оз, эй дил, бишўй аз талху аз шўраш.
Биёвар май, ки натвон шуд зи макри осмон эмин,
Зи лаъби Зўҳраи чангиву Миррихи силаҳшўраш.
Каманди сайди Баҳромӣ бияфган, ҷоми Ҷам бардор,
Ки ман паймудам ин саҳро Баҳром асту на гўраш.
Биё то дар майи софит рози даҳр бинмоям,
Ба шарти он, ки нанмоӣ ба каҷтабъони дилкўраш.
Назар кардан ба дарвешон мунофии бузургӣ нест,
Сулаймон бо чунопн ҳашмат назарҳо буд бо мўраш.
Камони абрўи ҷонон намепечад сар Ҳофиз,
Валекин ханда меояд бад-ин бозўи безўраш.
Фош мегўяму аз гуфтаи худ дилшодам,
Бандаи ишқаму аз ҳар ду ҷаҳон озодам.
Тоири гулшани қудсам, чӣ диҳам шарҳи фироқ,
Ки дар ин домгаҳи ҳодиса чун афтодам?
Ман малак будаму фирдавси барин ҷоям буд,
Одам овард дар ин дайри харобободам.
Сояи тубиву дилҷўйии ҳуру лаби ҳавз,
Ба ҳавои сари кўи ту бирафт аз ёдам.
Нест бар лавҳи дилам ҷуз алифи қомати дўст,
Чӣ кунам ҳарфи дигар ёд надод устодам.
Кавкаби бахти маро ҳеҷ мунаҷҷим нашинохт,
Ё раб, аз модари гетӣ ба чӣ толеъ зодам?
То шудам ҳалқабагўши дари майхонаи ишқ
Ҳар дам ояд ғаме аз нав ба муборакбодам.
Мехўрад хуни дилам мардумаки дида, сазост,
Ки чаро дил ба ҷигаргўшаи мардум додам?
Пок кун чеҳраи Ҳофиз ба сари зулф зи ашк,
В-арна ин сели дамодам бибарад бунёдам.
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
Бидеҳ соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт,
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.
Фишғон, к-ин лўлиёни шўхи ширинкори шаҳрошуб,
Чунон бурданд бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо.
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат ҳусни зеборо!
Ман аз он ҳусни рўзафзун, ки Юсуф дошт донистам,
Ки ишқ аз пардаи исамат бурун орад Зулайхоро.
Агар дашном фармоӣ в-агар нафрин, дуо гўям,
Ҷавоби талхмезебад лаби лаъли шакархоро.
Насиҳат гўш кун ҷоно, ки аз ҷон дўсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Ҳадис аз мутрибу май гўву рози даҳр камтар ҷў,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.
Ғазал гуфтиву дурр суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро,
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.
Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.
Даҳрўза меҳри гардун, афсонаест афсун
Некӣ ба ҷойи ёрон фурсат шумор, ёро.
Дар ҳалқаи гулу мул, хуш хонд дўш булбул,
Ҳоти-с-сабўҳуҳуббу ё айюҳас-сикоро!
Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат,
Рўзе тафаққуде кун дарвеши бенаворо.
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,
Бо дўстон мурувват, бо душманон мадоро.
Дар кўйи некномӣ моро гузар надоданд,
Гар ту намеписандӣ, тағйир кун қазоро.
Он талхваш, сўфӣ уммулҳабоисаш хонд,
Ашҳолано ва аҳло мин қиблат-ил-узоро.
Ҳангоми тангдастӣ дар айш кўшу мастӣ,
К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро.
Саркаш машав, ки чун шамъ, аз ғайратат бисўзад,
Дилбар ,ки дар кафи ў мум аст санги хоро.
Оинаи Сикандар ҷоми Ҷам аст, бингар,
То бар ту арза дорад, аҳволи мулки доро.
Хубони порсигў бахшандагони умранд,
Соқӣ, бидеҳ башорат риндони порсоро.
Ҳофиз ба худ напўшид ин ҳирқаи майолуд,
Эй шайхи покдоман маъзур дор моро.
Дерест, ки дилдор паёме нафиристод,
Нанвишт саломеву каломе нафиристод.
Сад нома фиристодаму он шоҳи саворон,
Пайке надавониду саломе нафиристод.
Сўйи мани ваҳшисифати ақлрамида,
Оҳуравише, кабкхироме нафиристод.
Донист, ки хоҳад шуданам мурғи дил аз даст,
В-аз он хати чун силсила доме нафиристод.
Фарёд, ки он соқии шаккарлаби сармаст,
Донист, ки махмураму ҷоме нафиристод.
Чандон, ки задам лофи каромоту мақомот,
Ҳеҷам хабар аз ҳеҷ мақоме нафиристод.
Ҳофиз ба адаб бош, ки вохост набошад,
Гар шоҳ паёме ба ғуломе нафиристод.
Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Чу меҳмони хароботӣ, ба иззат бош бо риндон,
Ки дарди сар кашӣ, ҷоно гарат мастӣ хумор орад.
Шаби сўҳбат ғнимат дон, ки баъд аз рўзгори мо,
Басе гардиш кунад гардун, басе лайлу наҳор орад.
Иморидори Лайлиро, ки маҳди моҳ дар ҳукм аст,
Худоро дар дил андозаш, ки бар маҷнун гузар орад.
Баҳори умр хоҳ, эй дил, вагарна ин чаман ҳар сол,
Чу насрин сад гул орад бору чун булбл ҳазор орад.
Худоро, чун дили решам қароре баст бо зулфат,
Бифармо лаъли нўшинро, ки зудаш бо қарор орад.
Дар ин боғ аз Худо хоҳад дар ин пиронасар Ҳофиз,
Нишинад дар лаби ҷўеву сарве дар канор орад.
Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
Ман агар некам, агар бад ту бирав худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.
Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст,
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништш.
Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо,
Муддаӣ гар накунадфаҳми сухан, гў: сару хишт.
Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал,
Ту паси парда чи донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт?
На ман аз пардаи тақво бадар афтодаму бас,
Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт.
Боғи фирдавс латиф аст, валекин зинҳор,
Ту ғанимат шумур ин сояи беду лаби кишт.
Ҳофизо, рўзи азал гар ба каф орӣ ҷоме,
Яксар аз кўйи харобот барандат ба биҳишт.
Роҳест роҳи ишқ, ки ҳеҷаш канора нест,
Он ҷо, ҷуз ин, ки ҷон бисупоранд, чора нест.
Ҳар гаҳ, ки дил ба ишқ диҳӣ хуш даме бувад,
Дар кори хайр ҳоҷати ҳаеҷ истихора нест.
Моро зи манъи ақл матарсону май биёр,
К-он шаҳна дар вилояти мо ҳеҷкора нест.
Аз чашми худ бипурс, ки моро кӣ мекушад?
Ҷоно гуноҳи толеу ҷурми ситора нест.
Ўро ба чашми пок тавон дид чун ҳилол,
Ҳар дида ҷойи ҷилваи он моҳпора нест.
Фурсат шумур тариқаи риндӣ, ки ин нишон,
Чун роҳи ганҷ бар ҳама кас ошкора нест.
Нагрифт дар ту гиряи Ҳофиз ба ҳеҷ рў,
Ҳайрони он дилам, ки кам аз санги хора нест.
Даме беғам ба сар бурдан ҷаҳон яксар намеарзад,
Ба май бифрўш далқи мо, к-аз ин беҳтар намеарзад.
Ба кўйи майфурушонаш ба ҷоме барнамегиранд,
Зиҳӣ саҷҷодаи тақво, ки як соғар намеарзад.
Рақибам сарзанишҳо кард, к-аз ин боб рух бартоб,
Чӣ афтод ин сари моро, кихокш дар намеарзад.
Шукўҳи тоҷи султонӣ, ки бими ҷон дар ў дарҷ аст.
Кулоҳе дилкаш аст, аммо ба тарки сар намеарзад.
Чӣ осон менамуд аввал ғами дарё ба бўйи суд,
Ғалат кардам, ки ин тўфон ба сад гавҳар намеарзад.
Туро он беҳ, ки рўйи худ зи муштоқон бипўшонӣ,
Ки шодии ҷаҳонгирӣ ғами лашкар намеарзад.
Чу Ҳофиз дар қаноат кушу аз дунёи дун бигазар,
Ки як ҷав миннати дунон дусад ман ҷав намеарзад.
Ёрӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд?
Дўстӣ кай охир омад, дўстдоронро чӣ шуд?
Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?
Хун чакад аз шохи гул, абри баҳоронро чӣ шуд?
Кас намегўяд, ки ёре дошт ҳаққи дўстӣ,
Ҳақшиносонро чӣ ҳол афтод, ёронро чӣ шуд?
Лаъле аз хоки мурувват барнаёмад, солҳост,
Тобиши хуршеду саъйи боду боронро чӣ шуд?
Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр,
Меҳрубонӣ кай сар омад, шаҳриёронро чӣ шуд?
Гўи тавфиқу каромат дар миён афгандаанд,
Кас ба майдон дарнамеояд, саворонро чӣ шуд?
Сад ҳазорон гул шукуфту бонги мурғе барнахост,
Андалебонро чӣ пеш омад, ҳазоронро чӣ шуд?
Зўҳра созе хуш намесозад, магар удаш бисўхт,
Кас надорад завқи мастӣ, майгусоронро чӣ шуд?
Ҳофиз, асрори илоҳӣ кас намедонад, хамўш!
Аз кӣ мепурсӣ, ки даври рўзгоронро чӣ шуд?
Кай шеъри тар ангезад, хотир, ки ҳазин бошад,
Як нукта дар ин маънӣ гуфтему ҳамин бошад.
Аз лаъли ту гар ёбам ангуштарии зинҳор,
Сад мулки Сулаймонам дар зери нигин бошад.
Ғамнок набояд буд аз таъни ҳасуд, эй дил,
Шояд, ки чу вобинӣ хайри ту дар ин бошад.
Ҳар, к-ў накунад фаҳме з-ин килки хаёлангез,
Нақшаш ба ҳаром, ар худ суратгари Чин бошад.
Ҷоми майу хуни дил ҳар як ба касе доданд,
Дар доираи қисмат авзоъ чунин бошад.
Дар кори гулобу гул ҳукми азалӣ ин буд,
К-ин шоҳиди бозорӣ в-он парданишин бошад.
Он нест, ки Ҳофизро риндӣ бишуд аз хотир,
К-ин собиқаи пешин то рўзи пасин бошад.
Гуфтам: "Каям даҳону лабат комрон шавад?"
Гуфто: "Ба чашм, ҳар чӣ ту гўйи чунон шавад".
Гуфтам: "Хироҷи Миср талаб мекунад лабат".
Гуфто: "Дар ин муомила камтар зиён кунанд".
Гуфтам: "Ба нуқтаи даҳанат худ кӣ бурд роҳ?"
Гуфт: "Ин ҳикоятест, ки бо нуктадон кунанд".
Гуфтам: "Санампараст машав, бо самад нишин"
Гуфто: "Ба кўйи ишқ ҳам ину ҳам он кунанд".
Гуфтам: " Ҳавои майкада ғам мебарад зи дил".
Гуфто: "Хуш он касон, ки диле шодмон кунанд".
Гуфтам: "Шаробу ҳирқа на оини мазҳаб аст".
Гуфт: "Ин амал ба мазҳаби пири муғон кунанд".
Гуфтам: " Зи лаъли нўшиабон пирро чӣ суд"?
Гуфто: "Ба бўсаи шакаринаш ҷавон кунанд".
Гуфтам, ки: "Хоҷа кай ба сари ҳаҷла меравад"?
Гуфт: "Он замон, ки Муштариву Маҳ қирон кунанд".
Гуфтам: "Дуои давлати ту вирди Ҳофиз аст".
Гуфт: "Ин дуо малоики ҳафт осмон кунанд".
Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам зи донишмади маҷлис боз пурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
Гўйё бовар намедоранд рўзи доварӣ,
К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.
Ё раб, ин навдалтонро бар хари худшон нишон,
К-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд.
Эй гадои хонақаҳ, барҷаҳ, ки дар дайри муғон,
Медиҳанд обеву дилҳоро тавонгар мекунанд.
Ҳусни бепоёни чандон, ки ошиқ мекушад,
Зумраи дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд.
Бар дари майхонаи ишқ, эй малак, тасбеҳ гўй,
К-андар он ҷо тиннати одам мухаммар мекунанд.
Субҳдам аз арш меомад хурўше, ақл гуфт:
"Қудсиён гўйӣ, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд".
Страница 1 из 1
Ҳофизи Шерозӣ Танхо шеърхои у
#2
Отправлено 16 Февраль 2007 - 03:57
Just_A_Lil_Bit (Nov 2 2006, 04:01 AM) писал:
Салом дустони гиромиву олиқадр!
Дар ин мавзуъи навкушодашуда мо мехостем эҷодиёти шоири бузурги форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ-ро тақдими шумо гардонем...Агар шумо низ ягон шеърхои Хофизро дошта бошед, мархамат намоёд, ташаккури зиёд.
Дар ин мавзуъи навкушодашуда мо мехостем эҷодиёти шоири бузурги форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ-ро тақдими шумо гардонем...Агар шумо низ ягон шеърхои Хофизро дошта бошед, мархамат намоёд, ташаккури зиёд.
Офарин , ташаккури бисьёр.
Только строки:
....Воизон ин чилва дар болои минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд...
встречались в несколько другом варианте:
Воизон ки чилва бар мехробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кор дигар мекунанд.
Это не критика, а продолжение разговора о Хофизе.
"Дар хароботи мугон нури худо мебинам,
Ин ачаб бин ки, чи нуре зи кучо мебинам..."
Сообщение отредактировал Aprel: 16 Февраль 2007 - 04:02
#3
Отправлено 10 Март 2010 - 18:24
Биё, то гул барафшонему май дар согар андозем,
Фалакро сакф бишкофему тархи нав дарандозем.
Агар гам лаккар ангезад, ки хуни ошикон резад,
Ману соки ба хам созему бунёдаш барандозем.
Чу дар даст аст руде худ, бизан мутриб, суруде хуш,
Ки дастафшон газал хонему покубон сар андозем.
Фалакро сакф бишкофему тархи нав дарандозем.
Агар гам лаккар ангезад, ки хуни ошикон резад,
Ману соки ба хам созему бунёдаш барандозем.
Чу дар даст аст руде худ, бизан мутриб, суруде хуш,
Ки дастафшон газал хонему покубон сар андозем.
Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
Ки бо ман харчи кард,он ошно кард.
Ки бо ман харчи кард,он ошно кард.
#4
Отправлено 10 Март 2010 - 18:50
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
Бидеҳ соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт,
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.
Фиғон, к-ин лўлиёни шўхи ширинкори шаҳрошуб,
Чунон бурданд бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо.
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат руи зеборо!
Ман аз он ҳусни рўзафзун, ки Юсуф дошт донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.
Агар дашном фармоӣ в-агар нафрин, дуо гўям,
Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро.
Насиҳат гўш кун, ҷоно, ки аз ҷон дўсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Ҳадис аз мутрибу май гўву рози даҳр камтар ҷў,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.
Ғазал гуфтиву дурр суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
Бидеҳ соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт,
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.
Фиғон, к-ин лўлиёни шўхи ширинкори шаҳрошуб,
Чунон бурданд бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо.
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат руи зеборо!
Ман аз он ҳусни рўзафзун, ки Юсуф дошт донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.
Агар дашном фармоӣ в-агар нафрин, дуо гўям,
Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро.
Насиҳат гўш кун, ҷоно, ки аз ҷон дўсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Ҳадис аз мутрибу май гўву рози даҳр камтар ҷў,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.
Ғазал гуфтиву дурр суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.
Жизнь - это чередование всяких комбинаций, их нужно изучать, следить за ними , чтобы всюду оставатьсяв в выгодном положении.
(Оноре де Бальзак) Величайший прорыв в жизни наступает тогда, когда понимаешь, что способен выучить все, что нужно для достижения любой поставленной цели. Это значит - нет предела тому, кем ты можешь стать, что иметь и делать.
Brian Tracy
(Оноре де Бальзак) Величайший прорыв в жизни наступает тогда, когда понимаешь, что способен выучить все, что нужно для достижения любой поставленной цели. Это значит - нет предела тому, кем ты можешь стать, что иметь и делать.
Brian Tracy
#5
Отправлено 10 Март 2010 - 19:30
Это четверостишие Саъди Шерози написаны у дверях ООН.
Человеческий род это связки сторон
Из единой жемчужины он сотворен
Если вдруг заболеет одна сторона
То приводит в расстройстве других она
------------------------------------
Бани одам аъзои якдигаранд,
К-дар офариниш зи як гавхаранд.
Чу узве ба дард оварад рузгор ,
Дигар узвхоро намонад карор.
Человеческий род это связки сторон
Из единой жемчужины он сотворен
Если вдруг заболеет одна сторона
То приводит в расстройстве других она
------------------------------------
Бани одам аъзои якдигаранд,
К-дар офариниш зи як гавхаранд.
Чу узве ба дард оварад рузгор ,
Дигар узвхоро намонад карор.
Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
Ки бо ман харчи кард,он ошно кард.
Ки бо ман харчи кард,он ошно кард.
Страница 1 из 1

Вход
Регистрация
Помощь

Цитата