Мухим нест ки Шумо шабро бо ки ва дар кучо гузарондед, мухим он аст ки субхро бо «Субхи Ватан» истикбол бигиред!
Хамаруза аз рузи Душанбе то рузи Чумъа аз соати 6 (бояд гуфт ки пештар аз хама!) то соати 9 барномаи «Субхи Ватан» мустакиман пахш мешавад. Ман бо пахши ин барнома ваъда намедихам, ки хама кори Шумо тули руз барор мегирад, вале шуморо бовар мекунонам, ки рухатон болида мегардад. (факат пеш аз огози барнома ба занхо маслихат дода мешавад, ки хомуш кардани дарзмол,газ ва обро фаромуш накунанд)! Новобаста аз он ки Шумо дар кадом самт фаъолият мекунед ва чи завку фахмиш доред, бахши дустдоштаи худро аз миёни бахшхои «Субхи Ватан» пайдо карда метавонед. Бовар надоред,пас кобед! (Огохи! Нусхабардорони бахшхои барномаи «Субхи Ватан» мувофики конуни чавонмарди чазо дода мешаванд!!! )
СахарБозор
Кариб хар сахар ин бахш пешниход мешавад. Дар он Шумо бояд ба чанд суол аз як мавзуъ посух гуед. Дар «Сахарбозор» маблаги дилхохатонро барои чавобхои дуруст худи Шумо пешниход мекунед. Бартарии «Сахарбозор»-и мо дар он аст, ки ин чо «чекчин» нест ва барои ба бозори мо ворид шудан дар киса пул доштани шумо тамоман шарт нест!
Лахзахо
Ман бо бовари гуфта метавонам, ки мардуми мо хама дустдори шеъру тарона (ва баъзан шоирахо!) хастанд.Дар бахши «Лахзахо» шумо метавонед:
1. дар кисмати аввал кадом лахзаеро аз хаёти худ ва дигарон накл кунед (Камтар аз як дакика. Ва занхову бонувони гироми Шумо фикр накунед, ки сергапхо танхо дар байни Шумо хастанд! )
2. Дар кисмати дуюм ман барои Шумо ду калима пешниход мекунам ва Шумо бояд мисраи шеърие гуед, ки он ду калима ва шояд хаммаънояш ончо бошад. (Тухфаатонро ягон вакт мегиред! )
3. Дар кисмати охирин Шумо танхо шеър ва ё газалеро бо гуфтани номи муаллиф кироат мекунед ва агар хохед онро ба касе мебахшед. (Ровии барнома истисно аст, ба у бехтараш ягон чизи дигарро такдим кунед!)
Муаммо
Дар ин бахш ягон муаммо пешниход мешавад ва Шумо вобаста аз хаёлоти рангини худ чавоби ачоиберо пешниход мекунед. Масалан: Декани факултаи журналистика ва тарчумонии ДДМТ ба довталабоне, ки ба факулта дохил шуда натавонистанд,чи гуфт?
Маълум шуд, ки у ба довталабоне ки ба ин факулта дохил шуда натавонистаанд, гуфтааст:
- Зик нашавед, рафта ба факултаи Физика хуччат супоред ва баъди 5 сол Шумо хам журналист мешавед!!! (Агар Шумо гуфта тавонед, ки ба кадом факултаи дигар хуччат супоридан даркор аст то баъди 5 сол физик шавед, сохиби тухфаи физики мегардед!)
Таронаи руз
Дар барномаи субхона шунавандахо аз миёни тарона ва сарояндахои интихоби таронаи бехтаринро интихоб мекунанд.Тарона ва ё сарояндае, ки овози зиёд мегирад.тарона ва сарояндаи руз дониста мешавад. Овоздихи бо се рох сурат мегирад-SMS, телефон ва.
Таронаи инихоби тули руз хар соат як маротиба пахш мешавад.(Аз сарояндахо барои ба таронаи бехтарин табдил додани тарона ва ё сурудашон пул гирифтан катъиян манъ аст. Ва ман хамчун ровии ин барнома сабаби ин махдудиятро тамоман намедонам!!!)
Гиждалла
Шунаванда дар ин бахш зери садои доира хар он чизе ки ба назараш мерасад-дар хонааш ва ё шояд дар корхона, онро месарояд.(«Хонааш» гуфта ман хонахоеро дар назар дорам, ки ончо зану баччахои Шумо зиндаги мекунанд ва эхтимол Шумо дар ончо «прописка» доред!)
Агархо
Дар ин бахш хама шухиву хазле пешниход мешавад, ки бо «АГАР» огоз мегардад. Ман холо ин бахшро каме дигар кардаам. «Агар» хар сахар «Субхи Ватан»-ро шунавед,он дигаргуниро эхсос мекунед.
3-1
Барои дар ин бахш иштирок кардан, шарт нест, ки математикаро донед (Барои мисол ман хам метематикаро намедонам, гузашта аз ин хис мекунам ки барои дустони зиёд доштан аз байни бонувон донистани ин илм он кадар зарур набудааст. Барои чи «он кадар» гуфтам? Барои он ки дар баъзе мавридхо, масалан хангоми хайрухуш бо онхо Шумо хатман даст ба киса мебаред ва пулхои бокимондаатонро хисоб мекунед. Агар математикаро надонед,гуфта наметавонед,ки Шумо дар ин чанд соат чи кадар пулатонро ба об партофтед!!!)
Вале агар росташро гуям, дар ин бахш се хабар ки хар кадом як чумла аст пешниход мешавад ва Шумо бояд хабари дуругашро ёбед.
Баходурон
Ин сахифа дар барномаи «Субхи Ватан» махсус барои мардхо аст.(Вале ман ба кариби фахмидам ки баъзе аз бонувон хам ин сахифаи Моро гуш мекардаанд.) Дар он мавзухое вобаста ба муносибати марду зан (хохишмандам маро дуруст фахмед!) пешниход мешавад. Хама мардхо ва он занхое ки шавхаронашон аллакай ба кор рафтанд, дар ин барнома сухбат карда метавонанд.
Аввал пурсиш
Дар ин сахифа мо бартарияти чизеро аз чизи дигар аз нигохи шунавандахои фаъол муайян мекунем. (Вале ман хатто фикр хам намекунам ки кадом рузе мо дар бораи бартарияти зан аз мард ва ё мард аз зан пурсиш доир намоем. Ин хам хеле душвор аст ва хам агар хамон субх мардхо хеле монда шуда бошанд, пас якин аст ки занхо галабаро ба даст меоранд!)
Радиотеатр
Дар ин бахш барои шунавандахо холат ва шартхои ачоиб пешниход мешаванд ва онхо бояд худро дар хамон холат тасаввур намоянд.(Бовар дорам ки Шумо « чи,холат?» гута кадом холати дигарро ба ёд намеоред!!!) Махорати актёрии онхо накши мухим мебозад. Бехтарин «актёр»-ро худи шунавандахо интихоб мекунанд ва он кас сохиби тухфа мешавад.(Агар ягон тухфа дар таххонаи Радиои «Ватан» монда бошад,такдим хохем кард…..дар холати тантанави!!!)
Караоке-бахш
Дар ин бахш мусикии таронахои бехтарини руси ва хоричи садо медиханд. Шунаванда занг зада таронахони мекунад.Таронахои точики дар ин кисмат нестанд.(PS.:Сабаб он аст, ки сарояндахои мо гумон мекунанд, ки дар ин чо хам барои пахши мусикихои онхо пул ситонида мешавад.)
Як руз дар таърих
Ходисахое, ки дар ин руз дар солхои гуногун ва асрхои гуногун рух додаанд, дар ин бахш ёдовари мешаванд.(Масалан гуфта мешавад,ки дар хамин руз соли 1777 марде аз чабру чафои занаш ба дод омада, уро тарк кард. Максад ин аст ки мардхое, ки хамон лахза маро мешунаванд ва дар хамин ахвол карор доранд, ба хулосае биоянд ва чи кор карданашонро донанд!)
Як Хабар
Дар вакти пахши барномаи «Субхи Ватан» сахафоти хабарии Интернет кушода аст ва ман ахбореро, ки ба назарам ачоиб ва шавковар аст, хамзамон бо точики тарчума карда ба шунавандахо фавран пешниход мекунам.(Мегуянд, ки кормандони идораи иттилооти хамин бахшро дуст намедоранд!!)
Хамоханг
Дар ин бахш 5 суол ба ду дилдода ва ё ба зану шавхар пешниход мешавад.Чавоби якуми дар эфир садо намедихад. Чавоби нафари дуюм дар эфир пахш мешавад ва ман чавобхоро мукоиса мекунам. Агар ба хамдигар монанд чавоб гуфта бошанд,онхо сохиби як уток дар мехмонхона….а,балки уток не ,онхо сохиби даъватнома ба тарабхона мешаванд ва баъди хурок ба кучо мераванд, ин ихтиёри онхост. Ба хар сурат ман дар холатхое, ки баъд рух медиханд, чавобгар нестам.
Андарз
Дар ин кисмат гуфтахои хурд вале хеле маънии бузургдоштаи мутафакирон, олимон ва нафарони хуб ёдрас мешаванд. Масалан, як файласуфе гуфтааст ки Субх баъди дамидани руз ва баромадани офтоб хатман нахориро хурда, мардхо бояд ба хонаи худашон бираванд!!!
SMS-шухихо
Баъзан ба телефони Шумо (ки гохо дар гарданатон овезон аст ва рашки дустдошдахои Шуморо меорад) маълумотнома ва ё SMS-хое меоянд, ки хеле хандаовар хастанд. Чои гуфтану хандидан хамин бахши барномаи «Субхи Ватан» аст.(Афсус ки ба телефони ман чунин sms-хо намеоянд. Ман факат як намуд sms мегирам: пожалуйста,пополните ваш баланс!...)
Навиштачот
Агар хуб ахамият бидихем.баъзан навиштахоеро мебинем ва мехонем, ки на танхо дагал ва дуруг хастанд,балки хеле хандаовар хам хастанд. Масалан: Навиштачот дар назди дидбонгохи БДА:
-Беинсофхо гузашта раванд!
Ва ё навиштае, ки дар кадом осоишгох (санатория) баъзе беморон диданд:
-Сад фоиз шифо ёфтани мардхое, ки бо занашон омадаанд,кафолат дода намешавад.
Харфбози
Чор шунаванда ба ман занг зада чор харфро интихоб мекунанд ва дигарон бо он чор харф чумлахои хандаовару хазломез фикр мекунанд. Масалан:
С.А.Д.М
Бо ин харфхо дар кадом барномаи ман нафаре чунин чумла фикр карда буд:
-Сессия ачали донишчу мебошад!
Тарчумон
Ягон тарчумони касби ин гуна тарчумахоро ба гушаи хаёлаш хам намеорад. Масалан тарчумаи пулро бинед:
-Пул-когази суратдорест ки агар чашм медошт аз дидани баъзе чойхо талхакаф мешуд.
Хандарез
Барои ин кисмат хамкорони ман хандахои нафарони шинохтаи кишварро сабт карда меоранд (Вале ман намедонам ки бо кадом рох!) ва ман онхоро дар эфир пахш сохта аз шунавандахо мепурсам ки ин хандаи ки буд? Ачоиботро бинед, ки баъзехо меёбанд ки хандаи ки буд. (Баъзе хандахое, ки ман онхоро дар эфир истифода набурдам, яъне пахш накардам, ба фуруш гузошта шудааст.Баъди харидори ва дар хонаатон пахш сохтани онхо фарзандони хурдсоли шумо дигар бекарориву беодоби намекунанд.Онхо фикр мекунанд,ки агар аз гапи шумо бароянд, хамон касе ки дар хонаашон баъзан механдад,пайдо шуда онхоро мехурад!!!)
Мехмонхона
Дар ин бахш мо нафаронеро даъват мекунем, ки аз субх ба худтаърифкуни ва насихат машгул нашуда, барои шунавандахои мо суханони тозаву шавковару ачоиб мегуянд. Касбу кор, машгулият, дин, нажод ва тамгаи мошин ( хамчунин вазъи оилави ва шумораи оилахои у) комилан мухим ва асоси нест!!!
2100
Дар ин бахш ман аз шунавандахо даъват мекунам, ки худро дар соли 2100 тасаввур кунанд.(Агар тавонанд!) Хама тагирот ва пешрафту кафорафтро дар мисолхои алохида пешниход мекунем.
Хазина
Дар ин бахш шунавандахо ба 3 ва 5 суоли ман чавоб дода сохиби пул ва суратхисоби бонкии худ мешаванд (Агар бонкхо миёни хам мунокиша накарда бо навбат сарпарасти ин бахш бошанд!)
Буд набуд…
Дар ин бахш ман афсона мегуям ва шумо имкони хуб доред онро ба номи худатон гузаронида ба гуши дустдоштаатон хонед.
Страница 1 из 1
Передача " Субхи ВАТАН" Бо Субхон Чалилов!
Страница 1 из 1

Вход
Регистрация
Помощь


Цитата