Рови: Ворис
"Хадаф" барномаест, ки аз орзуву ормон, нияту максадхои шунаванда сухбат мекунад. Барои ба куллаи мурод расидан талош бояд кард,барои дар чомеа маком ёфтан талош бояд кард, барои зиндагии хуб, рангоранг, ширин ва ояндадор талош бояд кард. Аммо чи гуна? Бо кадом рох? Бо чи воситае? Барномаи "Хадаф" ба ин суолхо посух мегуяд. Агар бовар надоред онро бишнавед, ба барнома мехмон шавед.
"Хадаф" аз тачрибаи зиндагии онхое кисса мекунад, ки дар зиндаги ба чоерасидаанд. Кори шоистаеро анчом додаанд, аз ноумедихо нахаросидаанд, худрову зиндагиашонро сохтаанд.
"Хадаф" хадафи шумост. Метавонед дар он асрори халли мушкилотро пайдо кунед. Хадаф мисли хонаи муаммохост. Хамин, ки калидчаи зарринро пайдо кардеду тоб додед рохе равшан дар баробари чашмонатон пайдо мешавад. Он рохи шумост. Дар он сандуки чавохироти орзухо шуморо интизор аст. Мо аз зиндагии шумо барои шумо мегуем.
Хадаф вакте макбул аст, ки агар шумо онро аз чон мехохед. Аслан зиндаги бе хадаф маъно надорад. Агар мо ба суи хадафхои бузурги шахсиву Милли хамрох меравем, хатман шахди талошхоямонро мечашем.
Бо "Хадаф" талош варзеду хамсадо бошед!
Барномаи "Хадаф" хар хафта рузи чоршанбе соати 14:00 то 15:00 мустакиман садо медихад. Бо барномаи "Хадаф" бошед!
Страница 1 из 1
Передача " Хадаф"
Страница 1 из 1

Вход
Регистрация
Помощь


Цитата