Цитата
Масъулони фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе мегӯянд, ду рӯз боз фурӯдгоҳҳои шаҳри Маскав ба ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» иҷозаи вуруд намедиҳанд. Як масъули фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба радиои Озодӣ гуфт, аз рӯзи шанбе инҷониб парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе-Маскав комилан қатъ шудааст ва мусофирони зиёде, ки аксаран муҳоҷирони кориянд, дар фурӯдгоҳи пойтахт интизорӣ мекашанд.
...Бино ба иттилои расида аз Суғд, ки тайи ду рӯзи ахир дар фурӯдгоҳи Хуҷанд низ парвози ҳавопаймоҳо ба Русия қатъ шудааст ва садҳо мусофир дар ин фурӯдгоҳ ҷамъ омадаанд. Фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд тайи ин рӯзҳо ҳавопаймоҳои Русияро низ қабул накардааст.
Масъулини ширкатҳои "Тоҷик эйр" ва "Сомон эйр" дар Хуҷанд аз мусофирон даъват кардаанд, ки чиптаҳоро баргардонда, маблағҳои худро бозпас бигиранд.

Вход
Регистрация
Помощь

Цитата